Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии маҳал корҳои сабзкорӣ ва гулзоркунӣ вусъат меёбанд.
Тавре сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шоҳмансур Миратулло Сафарзода иттилоъ дод, тибқи нақша то имрӯз дар ҳудуди ноҳия 163 ҳазору 651 бех дарахти ороишию сояафкан ва 380 ҳазору 951 дона гули мавсимӣ шинонида шудааст.
Дар доираи ин иқдом дар кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва назди муассисаҳо гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, ҳамзамон корҳои ободонию тозагӣ ва нигоҳубини дарахтони сабз низ мунтазам ба роҳ монда шудаанд.
Ҳадафи асосии ин тадбирҳо боз ҳам зебову назаррабо гардонидани симои ноҳия, фароҳам овардани муҳити солиму сабз ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ мебошад.
