16 апрели соли 2024 дар Ашқобод сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниятбекзода Вафо бо намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон ҳамсӯҳбатон чорабинии дарпешистодаи сеюмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”-ро, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ намуданд.