Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Узбекистон бо маҷмааи «Истиқлол», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангию фароғатии «Алишери Навоӣ»- и пойтахт шинос гардид. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Ҳайати меҳмонон аз шукуфоии пойтахт- шаҳри гулҳо – Душанбе ва зебову дилоро гаштани боғу гулгаштҳои он изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон майдони «Истиқлол», ки дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд гардид, ба меҳмонон таассуроти нек бахшид.
Инчунин меҳмонон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанг ва нигораю бозёфтҳои таърихии миллати тоҷик, ки таърихи беш аз шаш ҳазорсола дорад, аз наздик шинос шуданд.
Сипас дар Боғи фарҳангию фароғатии «Алишери Навоӣ» дар пояи муҷассамаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ба хотири гиромидошт ва поси хотири ин ду абармарди дунёи ирфонӣ гулчанбар гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи сафари сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 20 апрел дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои узбек баргузор мегарданд.