Дар изҳороти нави Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омадааст, ки тағйирёбии глобалии иқлим ва офатҳои табиӣ боиси афзоиши ҳар гуна бемориҳои хатарнок мегардад. Махсусан гармшавии глобалӣ яке аз таҳдидҳои асосӣ ба саломатии инсон мебошад.
Тибқи маълумоти СҶТ дар Бразилия дар натиҷаи ҳарорати баланд 200 ҳазор ҳолати бемории музмини гурда сабт шудааст. Ҳар сол дар саросари ҷаҳон беш аз 2,5 миллион нафар аз ин беморӣ мефавтанд. Ба андешаи муҳаққиқони Донишгоҳи Мелбурн, гармии ғайримуқарарии ҳаво ба ҳаёти инсоният хатар эҷод намуда, боиси аҷзоиши хашароти зараррасон мегардад.
Тавре агентии иттилоотии Интерфакс хабар медиҳад, дар натиҷаи болоравии ҳарорати ҳаво дар Аргентина табларзаи “Денге” хуруҷ намуда, сабаби марги 129 нафар гардидааст. Ҳамзамон ҳарорати баланд ва хушксолӣ боиси зуд-зуд сар задани сухтори ҷангалзор мегардад.