Чун анъана ҳамасола дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии рӯзи “Дарҳои боз” баргузор мегардад. Бо ҳамин мақсад имрӯз дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии рӯзи “Дарҳои боз” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони касбу корашон гуногун, сокинони шаҳри Душанбе, меҳмонону сайёҳон ва донишҷӯёну хонандагон иштирок намуданд.
Имрӯз саҳни КМТ-ро фазои идона фаро гирифта буд. Дар назди даромадгоҳи китобхона намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри шуъбаҳои китобхона ба роҳ монда шуд, ки ин ҳолат боиси хурсандии дӯстдорони китоб гаштааст. Абдуғаффор Саломов корманди КМТ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки чорабинии рӯзи “Дарҳои боз” дар як сол ду маротиба гузаронида шуда, ҳадафи асосии он ин ҷалби ҷавонону наврасон ба китобу китобхонӣ ва ошноии онҳо бо китобҳои тозанашри китобхона мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки барои дар сатҳи хуб муаррифӣ кардани китобҳо ва имкониятҳои КМТ ба сайёҳону меҳмонон аз ҳисоби кормандони тамоми шуъбаву бахшҳо 50 нафар кормандони ҷавон сафарбар карда шудаанд, ки онҳо иштирокчиёнро роҳнамоӣ мекунанд. Наргиси Ҷумахон корманди Китобхонаи миллии Тоҷикиҷистон зимни суҳбат ба мо гуфт, ки меҳмонон пас аз сайёҳати китобхона таассуроти худро ба мо баён менамоянд ва аксарияти онҳо дар китобхона аъзо мешаванд.
Бояд гуфт, ки чорабинии рӯзи “Дарҳои боз” солҳои пешин ду рӯз идома мекард. Ин навбат бошад бо ибтикори роҳбарияти КМТ чорабинии мазкур се рӯз давом мекунад. Адиба Наҷмиддинова корманди КМТ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки то ин дам аз тамоми вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои давлатию донишгоҳҳо зиёда аз 500 нафар ба КМТ омадааст, ки қисми зиёди онҳоро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи “Дарҳои боз” аз 16 – ум то 18 апрел идома ёфта, дар баробари китобҳои тозанашри шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, асарҳои рассомӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода мешвад. Баргузории Рӯзи “Дарҳои боз” барои муаррифии фарҳанги деринаи китобдории миллати тоҷик ва арҷ гузотан ба ҳунарҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои Тоҷикистон