“Asia-Plus”: Тоҷикистон аз назари рушди саноати сабук дар миёни ИДМ пешсаф аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 5 март мақолае бо номи “Тоҷикистон дар масири мубориза аллайҳи мушкилоти глобалии иқлим”  чоп карда, менависад, ки  Тоҷикистон чун кишвари осебпазир ба раванди тағйирёбии иқлим нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар хисорот мебинад. 

Муаллиф менависад, ки давоми солҳои 2001-2022 дар ҳудуди Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар сол 483 офати хусусияти иқлимидошта ба амал омадааст, ки хисороти зиёди иқтисодӣ ва ҷонӣ дошт. Аз ҷумла, давоми панҷ сол 2018-2022 дар кишвар 2118 офати табиӣ ба вуқуъ пайваст, ки аз ҳама бештар ҳодисоти сирф иқлимӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар идома таъкид мешавад, ки дар Тоҷикистон  то соли 2032 истеҳсоли барқ пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз», таъмин гардида, дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037, воқеан, ба «кишвари сабз» табдил меёбад».

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Тоҷикистон. Таваҷҷуҳи ҳукумат ба ободкории мамнуъгоҳҳо самар медиҳад” чоп кардааст. Муаллиф дар ин мақола таъкид мекунад, ки Тоҷикистон кишварест  дорои мамнуъгоҳҳои беназир ва зебо, ки ҳар яке бо табиати нотакрораш аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Муаллиф дар идома меафзояд, бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  20-уми сентябри соли 2023 дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гашт, мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Дар хулоса зикр мегардад, ки ба шарофати дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат кормандони мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон тавонистанд намудҳои нодири ҳайвоноту набототро, ки дар рӯйхати “Китоби сурхи ҷаҳонӣ” сабт гаштаанд, аз нестшавӣ эмин нигоҳ доранд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон вакилони мардумӣ «Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқовимат ба коррупсия»  баррасӣ ва тасвиб шуд.

Ба гуфтаи Барот Расулӣ муовини аввали раҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, яке аз самтҳои муҳиме, ки онро созишномаи мазкур ба танзим медарорад, табодули маълумот, раванди ба ҳабс гирифтан ва мусодираи молу мулки аз натиҷаи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ бадастоварда мебошад.

Номбурда дар идома афзуд, ки тасдиқи созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки дар сурати аз тарафи мақомоти қудратии тарафҳо муайян намудани ҳолати мавҷудияти молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардаи ҷинояткорон онҳо дар ҳудуди давлатҳои иштирокдори ИДМ ба ҳабс гирифта шаванд ва мусодира гарданд. 

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 6 март дар сармақолаи худ, масъалаи оғози бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба мактабҳои олии кишварро баррасӣ кардааст.

Муаллиф дар ин матлаб менависад, ки тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ, арзиши хидматрасонӣ барои хатмкунандагони синфи 11, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ  ва барои хатмкунандагони синфи 9 230 сомонӣ муқаррар шудааст. Нархгузориҳои нав мутаносибан дар қиёс ба соли гузашта сӣ сомонӣ бештар аст.

Дар баробари ин дар ҳолати тағйир додани интихоб ихтисос дар давраи асосӣ, барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд 30 сомонӣ пардохт намояд. Дар соли 2023 низ арзиши хидматрасониҳои ММТ нисбат ба соли 2022 аз 30 то 60 сомонӣ боло рафта буд.  Аз сӯи дигар ба гуфтаи муаллиф Маркази миллии тестӣ сабаби афзоиши нархи хизматрасониҳоро шарҳ надодааст.

Дар ин шумораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” инчунин мусоҳиба бо профессор Аъзамҷон Азимов устоди ДМТ нашр шудааст, ки дар он маосили омода кардани кадрҳои журналистӣ дар кишвар матраҳ гардидааст. Ба таъкиди профессор Аъзамҷон Азимов айни замон таъсис додани як донишкадаи журналистика дар назди ДМТ талаботи замон аст.

Ҳамзамон ба назари профессор Аъзамҷон  Азимов бо вуҷуди рушди бесобиқаи фановариҳои иттилоотӣ, аз ҷумла интернет матбуоти чопӣ аз байн намеравад, гарчанде бо талабои замон шакли он тағйир меёбад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 7 март бо нашри як мақолаи таҳлилӣ ин саволро матраҳ кардааст, ки омилҳои рушди бесобиқаи саноати сабуки  Тоҷикистон дар соли 2023 кадом аст? Ба навишати муаллиф, Тоҷикистон аз назари рушди саноати сабук тибқи натиҷаҳои соли 2023 бо 18,9% миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зинаи аввалро ишғол кард. Барои муқоиса ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 18,8%, Ӯзбекистон – 17,4%, Қазоқистон ва Туркманистон – 8%-иро ташкил медиҳад.

Дар идома зикр мешавад, ки ҳиссаи саноати сабук дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии Тоҷикистон 11,8%-ро ташкил дода, баъди истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати хӯрокворӣ ва истеҳсоли неруи барқ ​​дар зинаи 4-ум аст. Асоси саноати сабуки Тоҷикистонро бахши нассоҷӣ – зиёда аз 80% ва истеҳсоли либосу пойафзол ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, тайи 10 соли охир дар соҳаи саноати сабуки Тоҷикистон  садҳо корхонаҳо мавриди истифода қарор гирифта, танҳо дар соли 2023 183 корхонаи нави саноати сабук таъсис дода шудааст.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”