Оғози баргузории Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе»

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ- гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» оғоз гардид.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар панҷумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ”, барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” ҳузур доранд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ”, барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе”-ро кушода эълон намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа зиёда аз 200 варзишгар аз 40 давлат иштирок намуда, маҳорат ва малакаи варзишиашонро нишон дода истодаанд.

Маблағи ҷоизаҳои пулии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.