Дар Чили бар асари сухтори ҷангалзор 50 нафар ба ҳалокат расида, даҳо каси дигар маҷруҳ гардид, – хабар медиҳад 24KZ. Тақрибан 200 нафари дигар то ҳол бедарак шудаанд.
Дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар тақрибан 92 ҳолати сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Масоҳати умумии сӯхтор беш аз 43 ҳазор гектар заминро ташкил медиҳад. Махсусан минтақаи сайёҳии Вина-дель-Мар, ки 120 километр дуртар аз Сантьяго вокеъ аст, сахт зарар дидааст. Ба гуфтаи раисиҷумҳур, вазорати дифоъ воҳидҳои низомии бештареро дар манотиқи осебдида мустақар карда, бо тамоми имконоти зарурӣ таъмин хоҳад кард. Дар мамлакат вазъияти фавкулодда эълон карда шудааст.
“Сӯхтор хеле зуд паҳн мешавад. Ҳарорати баланд, шамоли сахт ва намии паст муборизаро ба муқобили сухтор душвор мегардонад. Аз ин хотир мо дастур додаем, ки сокинони маҳаллӣ ба ҷойҳои дигар кучонида шаванд”, гуфтааст – Президенти Чили Габриэл Борич.