То соли 2050 аксари сокини сайёра ба норасоии захираҳои об дучор мегарданд. Тибқи маълумоти коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, қитъаи Осиё нисбат ба дигар минтақаҳои ҷаҳон гармтар аст, ки ин раванд обшавии пиряхҳоро, ки манбаи муҳими об барои ҳаёти инсоният, кишоварзӣ ва истеҳсоли энергия мебошад, метезонад.
Маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳоло 25 кишвари ҷаҳон ҳамасола буҳрони шадиди норасоии обро аз сар гузаронида, зиёда аз 80% манбаъҳои барқароршавандаро барои обёрӣ, чорводорӣ, саноат ва эҳтиёҷоти дохилӣ истифода мебаранд. Беш аз 83 дарсади аҳолии минтақаҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ аз норасоии шадиди об танқисӣ мекашанд. Ба гуфтаи коршиносон, то солҳои 2050 –ум талабот ба оби нӯшокӣ дар саросари ҷаҳон се баробар афзоиш хоҳад ёфт.