Дар соли 2023 инвестисияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои саромядиҳӣ ба маблағи 19 миллиарду 859 миллион сомонӣ ва нисбати соли 2022 22,5 фоиз зиёд истифода шудааст. Дар ин хусус раиси Кумитаи меъмори ва сохтмони назди ҲҶТ Низом Мирзозода зимни баргузории нишасти матбуотии ин Кумита иттилоъ дод.
Инчунин гуфта шуд, ки ҳамчунин дар ин давра ба масоҳати умумии 1 миллиону 737 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқомати ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин дар нишаст Низом Мирзозода иброз дошт, ки моҳҳои январ _ декабр соли 2023 фондҳои асоси ба маблағи 5 миллиарду 864 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгари 17 миллиарду 958 миллиону 70 ҳазор созмониро ташкил дод.
Сурайё Баротова
радиои “Тоҷикистон”