СУДУ ЗИЁНИ ИНТЕРНЕТ

Дар ҷомеаи имрӯза истифодабарандагони интернет зиёданд. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки истифодаи интернетро аз суд дида зарараш беш аст. Аммо ин ақида то куҷо боваркарданист? Матлаби мазкур дар такя ба гуфтаҳои коршиносон перомуни ин мавзӯъ мебошад.

Интернет дар ҷомеа ҳамчун яке аз василаҳои муҳими иттилоотӣ мавқеи хоссаеро пайдо карда, бадин васила хеле пештар аз шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ иттилоъ дастраси истифодабарандагон мегардад ва пӯшида нест, ки дар шароити имрӯз ҳамагуна воситаҳои ахбор низ тавассути интернет мавқеи худро устувор хоҳанд кард. Дар гузаштаи наздик мардум таваҷҷуҳ доштанд, ки кай дар телевизион ва радио барномаҳо пахш мешаванду онҳо аз навгониҳо бохабар мегарданд, аммо дар ҳоли ҳозир интернет дар ин ҷода пешсафӣ дорад. Новобаста аз он ки дар интернет навгониҳо чӣ гуна пахш мешаванд, аудиторияи васеи худро пайдо кардааст. Аммо як паҳлуи ин мавзӯъ таассуфовар аст, ки маводи бемантиқу нолозим низ бештар паҳн мешаванд ва таваҷҷуҳи иддае аз истифодабарандагон ба онҳо ҷалб мегардад. Солҳои охир, дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сафи ба истилоҳ “блогерҳо” зиёд шуда, бо пешниҳоди маводҳои худ таваҷҷуҳи бештари истифодабарандагони интернетро ҷалб менамоянд. Агар аз нигоҳи таҳлилӣ назар афканем, аудиторияи бештари блогеронро ашхосе ташкил медиҳанд, ки таваҷҷуҳашон ба ҳамон корҳои беҳуда аст.

Дар ҷаҳони муосир ҳаёти худро бе истифодаи интернет тасаввур кардан имконнопазир аст. Бо ёрии интернет мо метавонем бисёр маълумоти муфидро ба даст орем. Имрӯз ин шабакаи умумиҷаҳонӣ қисми ҷудонашаванда дар ҳаёти инсон гардидааст, аммо ба гуфтаи коршиносон баъзе далелҳо вуҷуд доранд, ки ба зарари интернет ишора мекунанд. Хусусан барои кӯдакон. Аввалин таъсири манфӣ ба рӯҳияи инсон, ки интернет дорад, ин вобасташавӣ ба он аст. Мебинем, ки баъзе нафарон соатҳои зиёд дар даст телефон нишаста, вақти гузаштаро пай намебарад. Тибқи таҳқиқотҳо шумораи вобасташудагони интернет рӯз то рӯз афзоиш ёфта истодааст. Аз он як қисматашон  касоне мебошанд, ки ҳатто як рӯз бе интернет зиндагӣ карда наметавонанд. Дар кишварҳои пешрафта вобасташавӣ ба интернет ҳамчун мушкилоти башарият қабул карда мешавад. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш мекунанд, ки бо он мубориза баранд. Ин танҳо як сабаб буд. Сабабҳои дигар низ ҳастанд. Масалан, мушкили навбатӣ дар он аст, ки вақти зиёдро бо телефон гузаронидан ба биниши инсон таъсири манфӣ мерасонад. Ин махсусан барои кӯдакон таъсири бештар дорад. Илова бар ин, вақте ки шахс дар муддати тӯлонӣ дар ҳолати нодуруст қарор дорад, боиси мушкилоти системаи мушакҳо мегардад. Аммо дар шароити имрӯз бидуни шабакаи ҷаҳонии интернет кор кардан хеле душвор аст. Фоидае, ки интернет ба инсоният меорад, бузург мебошад, аммо ба ҳар ҳол зарур аст фарҳанги истифодаи он риоя карда шавад ва дурудароз бо телефону компютер кор кардан ба шахс зарар нарасонад. Агар шахс дар назди компютер ё телефон нишаста, вақташро аз як соат зиёдтар дар назди экран гузаронад, аллакай чашмон оболуду сурх мешаванд. Аз муддати тӯлонӣ нишастан дар назди компютер хастагӣ ва дард дар китфҳо ҷамъ мешаванд, аммо ин бузургтарин мушкилие нест, ки онҳо метавонанд интизор шаванд. Хастагиро бо бархостан ва дароз кашидан рафъ кардан мумкин аст. Муддати дароз дар назди компютер ё телефон нишастан метавонад ба рушди системаи мушакҳо ва узвҳои биниш таҳдид кунад.  Интернет ахлоқро таълим намедиҳад. Чӣ хубу чӣ бадро шахс аз оила омӯхтааст. Аз ин рӯ, барои калонсолон хеле муҳим аст, ки бо манфиатҳои кӯдак мухолифат накунад, балки ба маҳфилҳои худ ҳамроҳ намояд, ба ӯ таълим диҳад.

Барои мустақилона истифода бурдани шабакаи ҷаҳонии интернет ба кӯдакону наврасон чиро фаҳмондан муҳим аст? Кӯдакон бояд дарк кунанд, ки суроғаи хонагӣ, вазъи молиявии оила ва дигар маълумоти шабеҳи онро нашр кардан лозим нест, зеро маълумот дар шабака барои ҳама дастрас аст ва ҳамлагарон метавонанд аз он истифода баранд. Инчунин, бояд фаҳмонд, ки дӯстони маҷозӣ, ки дар ҳаёти воқеӣ бо онҳо во нахӯрда буданд, набояд ҳеҷ гоҳ бидуни огоҳии калонсолон ба хона даъват карда шаванд ва ба аёдати онҳо раванд. Наврас бояд дарк кунад, ки дар паси як акси зебо ва профили таъсирбахш, қаллобони киберӣ ё шахсиятҳои зидди ҷамъиятӣ метавонанд пинҳон шаванд.

  Якчанд тадқиқотҳо нишон доданд, ки ҳатто панҷ рӯз ё як ҳафта аз Facebook истироҳат кардан метавонад боиси коҳиши стресс ва афзоиши қаноатмандии зиндагӣ гардад. Масалан дар як рӯз 45 дақиқа варақ задани навор шуморо хаста мекунад. Истифодабарии интернет дар ҳаёти ҳар кадом муфид аст, агар фарҳанги истифодаи он риоя шавад. Хулоса, манфиат ва зарари интернет аз худи истифодабаранда вобастагӣ доштааст.

                                                                           Маҳмадалӣ Акрамов

                                                                  радиои «Тоҷикистон»