Аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, Директори Бонки Олмонии Рушд барои минтақаи Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ хонум Вероника Гарсия дел Арко, Роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ва роҳбари ширкати «Помир Энерҷӣ» Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ба маблағи 10 миллион евро барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Иқтидори НБО «Себзор» 11 МВт буда, қисмати зиёди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро неруи барқ таъмин менамояд ва имконияти содироти барқро ба ноҳияҳои наздисарҳадии кишварҳои ҳамсоя дорад.
Бояд гуфт, ки то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби маблағҳои шарикони рушд, бахусус Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Олмон, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Котиботи Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ (SEСO) ва Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони НБО «Себзор» дар маҷмуъ 84 млн доллар грант ҷалб шудааст.