Обхезӣ дар Ҳиндустон: Беш аз 20 нафар ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар маҷруҳ гардид

Дар Ҳиндустон дар пайи боришот ва тӯфони Мичанг обхезӣ ба амал омад. Дар натиҷа 20 нафар ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар маҷруҳ гардид.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионии МИР 24 суръати шамол ба 110 километр дар як соат расида, боиси корношоям гардидани болопуши садҳо бино ва решакан шудани дарахтони зиёд шуд. Ҳамзамон, оби кулу дарёҳо баланд гардида, ба минтақаҳои аҳолинишин маҷро гирифт.

Ҳукуматдорони маҳаллӣ сокинони аз офати табиӣ зарардидаро ба ҷойҳои дигар мекучонанд. Алаккай 15 ҳазор нафар ба минтақаҳои дигар кучонида шудаанд. Ҳоло аз ҷониби кормандони хадамоти марбута корҳои бартарафсозӣ идома дорад.