Вазорати тандурустии Чин афзоиши шумори беморон дар ин кишварро ба зуком(грипп) рабт дод, на вируси нав. Барои афзоиши бемориҳо дар Чин на вируси нав, балки зуком ва дигар бемориҳои сабаб мешаванд. Дар ин бора агентии иттилоотии интерфакс дар такя ба маълумоти Вазорати тандурустии Чин хабар додааст.
«Мо бояд кӯшиш кунем, ки кушодашавии дармонгоҳҳо ва муассисаҳои табобатиро бештар кунем, мӯҳлати хидматрасониро дароз ва таъминоти дорувориро зиёд кунем», аз нутқи намояндаи вазорат Ми Фен иқтисоб овардааст нашрия. Вай инчунин тавсия дод, ки ба режими ниқоб риоя карда, ба пешгирии бемориҳо дар ҷойҳои серодам, бахусус мактабҳо диққат диҳанд. Барои Чин, ин мавҷи аввалин пас аз бекор кардани маҳдудиятҳои пандемияи COVID-19 мебошад. Қаблан олимони чинӣ дар ҷазираи тропикии Ҳайнан ҳашт вируси наверо муайян карданд, ки эҳтимолан барои одамон хатарноканд.