5 декабр дар Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муарифии имкониятҳои вилояти Суғд баргузор гардидааст.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, дар чорабинии сатҳи баланд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин, намояндагони палатаҳои савдо ва саноати ду тараф, ташкилоту идораҳои давлатии Россия ва Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сармоягузорон иштирок намуданд.
Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин зимни суханронии худ аз сафари кориаш ба вилояти Суғд ёдовар шуда, ташкили намоиши маҳсулот ва муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар шаҳри Москваро қадами навбатӣ дар роҳи рушди муносибатҳои дӯстона арзёбӣ кард.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода низ дар навбати худ таҳкими муносибатҳои минтақавӣ миёни вилоятҳои ду кишварро муҳим хонд.
Узви Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатии кишвари иқомат Александр Башкин зимни суханрониаш аз рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард.
Ҳамчунин дар назди ҳозирин раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Россия Ислом Назаралиев суханронӣ намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳои ду кишвар, ба вежа дар соҳаҳои иқтисоду савдо ибрози назар намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои баргузор кардани чунин як чорабинии сатҳи баланд ба роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия изҳори сипос намуда, илова кард, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин равобити миёни Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дорад. Ӯ ҳамзамон изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, рушди соҳаи саноат таъмин гардида истодааст.
Раиси вилоят таъкид кард, ки дар Суғд беш аз 1200 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, беш аз 250 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол аз сол зиёд гардида, барои рушди соҳа зарфиятҳои мавҷуда истифода мегардад.
Дар вилояти Суғд фазои мусоиди сармоягузорӣ мавҷуд буда, як қатор корхонаҳои саноатӣ бо сармоягузории шарикон аз Федератсияи Россия ташкил шудааст ва барои ҷалби бештари сармоя ва амалисозии тарҳҳои муштарак имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёд аст.
Сипас, доир ба фазои сармоягузорӣ ва захираву имкониятҳои вилояти Суғд сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов ба соҳибкорону сармоягузорони рус маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Худи ҳамон рӯз дар Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия ҷаласаи Шӯрои соҳибкорон таҳти унвони «Суғд-Федератсияи Россия» баргузор гардид. Дар ин нишаст намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Россия ширкат варзиданд.
Бешубҳа, баргузории чунин чорабиниҳо дар рушди бештари ҳамкориҳои ду кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт.