Бар асари тирпарронӣ дар донишгоҳи Лас Вегаси ИМА се нафар ба ҳалокат расида, чандин каси дигар захмӣ шуд. Дар ин бора агентии иттилоотии синхуа хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, гумонбар низ аз ҷониби кормандони полис ба қатл расонида шудааст.
Ҳодиса субҳи рӯзи чоршанбе рух дода, ҳангоми сар задани ҳодиса донишҷӯён машғули таълиму тадрис будаанд. Роҳбари мақомоти полиси Лас Вегас Кевин Мак Махилл дар брифинги матбуотӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ягон таҳдид дар шаҳраки донишҷӯён вуҷуд надорад.
“Ба ҷомеа дигар таҳдиде нест. Гумонбар мурдааст. Дар айни ҳол мо медонем, ки се нафар кушта шудаанд, аммо намедонем, ки чанд нафар захмӣ шудаанд. Ин рақам метавонад тағйир ёбад.”,-гуфтааст МакМахилл. Бояд гуфт, ки хариду фуруши озоди силоҳ дар ИМА боиси сар задани ҷиноёти зиёд гардидааст. Ҳамасола ҳазорҳо нафар аз хушунати силоҳ дар саросари ИМА ба ҳалокат мерасанд.