Санаи 05 декабри соли ҷорӣ Вазири кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ба ҳузур пазируфтааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад, ки тарафҳо оид ба барои рушди ҳамкориҳои судманд ва дар амал татбиқ намудани муқарраротҳои “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, аз ҷумла дар соҳаи тухмипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, ҷалби инноватсияи Эрон дар самти бастубанди маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа изҳори ҳавасмандӣ намуданд.