Владимир Путин: Муҳоҷирон бояд анъанаҳои русиро эҳтиром кунанд

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия бояд манфиатҳои иқтисоди Русияро риоя кунанд. Фарҳанг, анъана ва қонунҳои Федератсияи Русияро эҳтиром кунанд. Дар навбати дигар дар ин ҷо низ ҳуқуқҳои онҳо бояд риоя карда шаванд, – гуфтааст, президенти Руссия Владимир Путин.

«Мо бояд пеш аз ҳама захираҳои меҳнатиеро ҷалб кунем, ки ба манфиатҳои иқтисоди Русия ҷавобгӯ бошанд. Ин маънои онро дорад, ки ин мардум бояд аз нигоҳи забоншиносӣ, этнофарҳангӣ омода бошанд, урфу одат, қонунҳои моро донанд ва ба онҳо эҳтиром гузоранд. Ва мо дар якҷоягӣ бо ҳамкасбон аз кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ дар ин бора якҷоя кор карда истодаем”, гуфт Путин дар ҷаласаи Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон. Ба гуфтаи ӯ, Федератсияи Русия дар ин кишварҳо мактабҳоеро бо таълим ба забони русӣ боз мекунад ва чорабиниҳо баргузор мекунад.