Қазоқистон манъи содироти бензин ва сузишвории дизелиро тамдид мекунад

Лоиҳаи фармони Вазорати энергетикаи Қазоқистон дар бораи тамдиди муҳлати манъи содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ ва баъзе маҳсулоти нафтӣ, ба истиснои равғани молиданӣ ба муҳокимаи умум пешниҳод шуд. Ин тадбир бояд аз 14 феврал эътибор пайдо кунад. Дар ин бора агентии иттилоотии “Сентралная азия” хабар медиҳад.

Манъи содироти ин маводи сӯхт дар Қағзоқистон аз авохири моҳи январи соли ҷорӣ ҷорӣ шудааст. Он аллакай дар моҳи август ба шаш моҳ дароз карда шуд. Дар ду моҳи аввали мамнӯъ аз рӯи 94 далели нақзи он додгоҳҳо ба маблағи 1,5 миллион танга бо мусодираи 2 ҳазору 341 литр бензин ва 25 ҳазору 335 литр сӯзишвории дизелӣ ҷарима бастаанд.