Дар тирандозӣ дар Техас чаҳор нафар кушта шуданд

Дар як тирандозӣ дар аёлати Техаси Амрико панҷ нафар, аз ҷумла як кӯдаки яксола кушта шуданд. Дар ин бора агентии иттилоотии синхуа хабар додааст.

Тирпарронӣ дар қисми ҷанубу шарқи минтақаи Даллас рух додааст. Ду нафари дигар захмӣ гардида ба бемористон интиқол дода шудааст. Мақомоти пулис таҳқиқи ҳодисаро оғоз кардааст. Ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир касе дар робита ба ин ҳодиса боздошт нашудааст. Сабабҳои эҳтимолии тирпарронӣ низ нишон дода нашудааст.

Қаблан, рӯзи 27 ноябр дар як урдугоҳи бесарпаноҳон дар Каролинаи Шимолӣ тирпарронӣ рух дод, ки дар натиҷа чор нафар ба ҳалокат расид.