Дар Ҳиндустон бузургтарин маркази тавлиди энергияи барқароршавандаи ҷаҳон сохта мешавад. Он дар биёбони аёлати Гуҷарот ҷойгир аст, хабар медиҳад агентии иттилоотии интерфакс.
Нерӯгоҳи барқии мазкур аз шамол ва офтоб энергия тавлид карда, иқтидори он 30 гигаватро ташкил хохад дод. Сохтмон тақрибан 3 сол давом мекунад. Дар ҳоли ҳозир дар Ҳиндустон танҳо 10%-и нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда тавлид мешавад. 90 даради дигари қувваи барқро сӯзишвории истихроҷшаванда, бахусус ангишт ташкил медиҳад. Ҳукумати ин кишвар ҳадаф гузоштааст, ки то соли 2070 ба бетарафии карбон ноил шавад. То соли 2030 иқтидори умумии тавлиди нерӯи барқ ба 450 гигаватт расонда мешавад.