То охири соли ҷорӣ партовҳои гази карбон ба 40 миллиард тонна мерасад. Ин пешгӯиро иқлимшиносон дар маҷаллаи “Маълумоти илмӣ дар бораи системаи замин” баён кардаанд.
Ба андешаи олимон аксарияти партовҳо ба истифодаи сӯзишвории истихроҷшаванда вобастагӣ доранд. Буридани дарахтон ва нобудсозии ҷангал барои парвариши зироат низ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар 28-умин Саммити ҷаҳонии тағирёбии иқлим дар Дубай беш аз 110 кишвари ҷаҳон дар мавриди коҳиши истифодаи сӯзишвории истихроҷшуда ба созиш расиданд. Ҳадафи ин созишнома афзоиши тавлиди нерӯи таҷдидшаванда то соли 2030 мебошад.