Имрӯз дар Кохи Борбад дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”-ро ба кор худ оғоз менамояд.
Ҳадафи асосии лоиҳа тарғиби молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, муаррифии тамғаҳо, муайян кардани назари истеъмолкунандагон ба сифати маҳсулоту хизматрасонии ширкату корхонаҳо, ба вуҷуд овардани рақобати солим дар байни истеҳсолкунандагон ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёти мамлакат мебошад.
“Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” имсол 10-солагии худротаҷлил менамояд. Дар тӯли 10 соли фаъолият лоиҳаи мазкур зиёда аз 500 ширкати ватаниро ба мардум муаррифӣ намуда, дар шинохта шудани тамғаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ва бою ғанӣ гаштани бозори истеъмолии мамлакат саҳми арзанда гузоштааст.
Бо шарофати ин лоиҳа аксари ширкатҳое, ки қадамҳои нахустини худро бо “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” гузошта буданд, рушд намуданд ва имрӯз на танҳо дар дохил, балки берун аз марз низ шинохта шуда, маҳсулоти хешро ба хориҷи кишвар мебароранд.
Ҳамасола дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ баргузор мегардад. Рӯзҳои 2, 3, 4 ноябр дар Кохи Борбад Намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ идома меёбад. Давоми 3 рӯз зиёда аз 30 корхона ва ширкатҳои машҳури кишварамон аз қабили “Сиёма”, “Артел”, “СоСа-Соlа, “Покиза”, “Файзи Расул”, “Доро”, “Шири Душанбе”, “Молочная радость”, “Қолин-Сервис”, “Беҳамто”, “Баракат”, “София”, “Слобода”, Шабакаи нуктаҳои фурӯши сӯзишвории “Гапзпромнефть”, “GMP”, “АКФА”, Рамис”, “Химус”, “Тавҳидбонк”, “Душанбе-Сити+банк” молу маҳсулот ва хизматрасониҳои мухталифи хешро бо нархи яклухт ба муштариён пешкаш месозанд. Харидорон аз Намоишгоҳ орд, равған, биринҷ, макарон; маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла, гӯшти мурғ, навъҳои гуногуни ҳасиб ва ҳасибчаҳои хушмазза; маҳсулоти ширӣ аз қабили шир, ҷурғот, сметана, қаймоқ; қанду шоколад, пистаю бодом, мағзу мавиз, донагӣ, торту шириниҳои лазиз, соку шарбатҳои табиӣ, обҳои газнок, собуну шампунҳои хушбӯй, маводди шустушӯйӣ, доруворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи хешро бо нархҳои нисбат ба бозор пасттар дастрас карда метавонанд.
Дар Намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолии “Artel” ва “Karcher” иштирок намуда, телевизиор, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, чангкашак, кондитсионер, гармкунакҳои барқӣ, гӯштқиммакунак, тафдон ва дигар техникаҳои маиширо бо нархи дастрас ба муштариён пешкаш менамоянд. “Душанбе-сити” ва “Тавҳидбонк” низ аз ҷумлаи иштирокчии фаъоли лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” мебошанд ва хоҳишмандон метавонанд барои анҷом додани амалиёт ва хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба намояндагони ин бонкҳо муроҷиат намоянд.
Маросими расмии кушодашавии Намоиш-фурӯши маҳсулоти иштирокчиёни Лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, сарпарастону иштирокчиёни лоиҳа ва дигар шахсони расмӣ санаи 2 ноябр, соати 09:00 дар Кохи Борбад баргузор мегардад.
Лоиҳа рӯзи 3 ноябр ҷамъбаст гашта, ғолибон бо ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” сарфароз гардонида мешаванд.