Имрӯз дар Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ оғоз шуд

Имрӯз дар МД- ии “Кохи Борбад”- и шаҳри Душанбе Намоиш – фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 30 корхона ва ширкатҳои машҳури кишвар аз қабили “Сиёма”, “Артел”, ” Файзи расул”, “Покиза”, Шабакаҳои нуқтаҳои фуруши сузишвории “Газпромнефт” ва ғайра молу маҳсулот ва хизматрасониҳои мухталифи хешро пешкаши муштариён гардониданд.

Тавре ҳамкорамон О. Шарипова аз ифтиоҳи ин намоиш- фурӯш ба Радиои Тоҷикистон иттилоъ дод, маросими расмии кушодашавии Лоиҳа-озмуни ” Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” тӯли 10 сол мешавад, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат дар ҳамдасти бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар сурат мегирад. Чорабинӣ тулли 2 рӯз идома ёфта, ғолибон бо ҷоизаи ” Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” – 2023 ” сарфароз гардонида мешаванд.