Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Хатлон 79% иҷро шуд

Дар вилояти Хатлон чорабиниҳои даъватии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле хуб ҷараён дорад. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар нахустин рӯзи даъват ноҳияҳои Вахш ва Фархор аввалин шуда дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Бо ҳамин тартиб, дар ду даҳрӯзаи аввал ва то охири моҳи октябри соли равон бошад, шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав, Норак, Левакант, Данғара ва Дӯстӣ низ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Дар айни замон иҷрои талаботи уҳдадории масъулин дар самти даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҳама минтақаҳои вилояти Хатлон ба 79 фоиз баробар мебошад. Дар ҳоли ҳозир тибқи оморҳои мавҷуда даъвати тирамоҳии имсолаи шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ вобаста ба зиёд будани шумораи ҷавонписарони ихтиёрӣ хеле хуб арзёбӣ карда мешавад.