Дар Қазоқистон нархи гази моеъ ба таври қобили мулоҳиза боло меравад,-хабар медиҳад, Informburo.kz бо истинод ба иттилои Вазири энергетикаи Қазоқистон Алмасадам Сатқалиев.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки нархи ин навъи сӯзишворӣ тадриҷан боло бурда шавад.
“Бо нархҳои феълии гази моеъ истеҳсолкунандагон зиён дида, истеҳсолотро кам мекунанд. Мо масъалаҳои якбора зиёд шудани талаботро тавассути равона кардани ҳаҷми содирот ба бозори дохилӣ ҳал мекунем. Зеро захираҳо маҳдуданд. Мо пешгӯии нархҳоро пешниҳод хоҳем кард, ки то аз зиёни иштирокчиёни бозор пешгирӣ карда шавад”,-гуфтааст Вазири энергетикаи Қазоқистон Алмасадам Сатқалиев.