Хуруҷи вулкани “Ключевский” дар минтақаи Камчаткаи Русия

Дар кишвари Камчаткаи Федератсияи Русия вулкани “Ключевский” хурӯҷ кард. Ба иттилои Агентии иттилоотии “РИА Новости” чангу хокистари вулкан ба масофаи 10 километр дар фазо паҳн гардидааст. Танҳо давоми як шабонарӯз дар танӯраи вулкан 3 таркиши пурқувват ба амал омадааст. Расоҳаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳанд, ки фавворазании вулкани мазкур барои парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ хатар дорад. Аз ин рӯ, дар ин минтақа дараҷаи хатари “сурх” эълон гардидааст. Ба сокинони маҳаллӣ ҳушдор дода шудааст, ки эҳтиёткор бошанд. Ёдовар мешавем, ки вулкани Ключевский яке аз калонтарин вулканҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, баландии он 4,7 ҳазор метрро ташкил медиҳад.