Бозтоби суханронии Пешвои миллат дар маҷмаи умумии СММ, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби минтақаи Осиёи марказӣ, натиҷагирӣ аз фаъолияи Маҷлиси Олии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва баррасии сабабу омилҳои болоравии якбораи нархи орд дар Тоҷикистон аз ҷумлаи мавзуҳои меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 29 сентябр матлабе дар ҳошияи 30-юмин солгарди таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал нашр карда, менависад, ки нақш ва аҳамияти бунёди мазкур дар шароити ба вуҷуд омадани чолишҳо ва таҳдидҳои нав аз тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ боз ҳам бештар мегардад.
Ба гуфтаи муаллиф, оқибатҳои бад шудани вазъи обӣ-экологии минтақа дар натиҷаи обшавии пиряхҳо ва офатҳои табиӣ, инчунин, омилҳои техногенӣ, ки дар натиҷаи афзоиши босуръати аҳолӣ, шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ ба вуҷуд омадаанд, боиси нигаронист.
Дар идома муаллиф аз қавли коршиносон таъкид мекунад, ки то соли 2040 дар бархе аз манотиқи Осиёи Марказӣ фишор ба манобеи об се маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, аллакай, давлатҳои минтақа ба далели камобӣ ва истифодаи бесамари манобеи об ҳамасола то 2 миллиард доллар зиён мебинанд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” шумораи рӯзи 27 сентябр дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид матлабе нашр карда, навишт, ки муҳтавои суханронӣ бори дигар аз сиёсати сулҳофар ва дӯстонаи Сарвари давлат дарак дод.
Ба навиштаи муаллиф, зимни ин баромади худ Президенти кишвар бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯшрас намуданд, ки вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои глобалии имрӯза бояд фарогир бошад.
Хулосаи матлаб ин аст, ин суханронӣ як дастурамали мукаммал аз мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баҳамоӣ, ҳамгироӣ, иттиҳод ва ҳамзистии кулли башарият мебошад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлабе дигаре дар шумораи рӯзи 29 сентябр ба рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд таваҷҷуҳ кардааст. Муаллиф менависад, бо вуҷуди он ки суръати рушди саноат дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 11 дарсадро ташкил дод, аммо дар ин миён бархе корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд.
Ба навиштаи муаллиф, имрӯз аз 974 корхонаи саноатӣ дар вилоят 815 корхона фаъол буда, 159 корхонаи дигар аз фаъолият боз мондааст. Аз ҳисоби ин корхонаҳо ба маблағи 65,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол нагардид, ки ба 0,6 дарсади ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилояти суғд баробар аст.
Сабабҳои фаъолият набурдани баъзе корхонаҳои саноатӣ мавсимӣ будани фаъолият, нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои фурӯши маҳсулот, рақобатпазир набудани маҳсулот ва баҳсҳои амволӣ мебошанд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 27 сентябр мақолае бо номи “Дигаргунии бунёдӣ” чоп карда, таърихи шаклгирии мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Тоҷикистонро дар замони истиқлол баррасӣ кардааст. Дар Тоҷикистон 26-уми сентябр ба унвони Рӯзи Маҷлиси Олӣ қайд карда мешавад.
Муаллиф дар идома таъкид мекунад, ки қонунгузорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Маҷлиси намояндагон тӯли фаъолият наздики аз 2 ҳазору 500 санади меъёрии ҳуқуқиро баррасӣ кардааст.
Дар ин давра 386 қонун, аз ҷумла 58 қонуни мукаммал, 6 кодекс, 19 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 185 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 117 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо таҳия шуда, аз он 293 қонун қабул гардидааст.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ин шумора матлаби дигари бо номи “Нигаронӣ аз беэътиноии масъулини нашрияҳо ба муқаррароти қонун” чоп карда, дар он нашрия бо раҳбари «Китобхонаи миллӣ», доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода мусоҳиба анҷом додааст.
Ба гуфтаи профессор Ҷумахон Файзализода дар Китобхонаи миллӣ 25 толори хониш бо 1500 ҷойи нишаст мавҷуд буда, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна, ба беш аз 1500 хонанда хизмат расонида мешавад. Вай афзуд, ки бинобар афзоиши теъдоди хонандагон зарур омад, то ки дар Китобхонаи миллӣ толорҳои иловагӣ ташкил карда шавад.
Дар идомаи мусоҳиба раҳбари Китобхонаи миллии Тоҷикситон таъкид мекунад, ки дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир айни ҳол 2682 нусхаи хаттӣ мавҷуд аст. Ба гуфтаи номбурда, 457 дастнависро китобҳои таърихӣ ва адабии назмию насрӣ ташкил медиҳанд, ки қисми зиёди китобҳо, маҷмӯаҳо ва асноди таърихӣ, ки дар шуъба нигоҳдорӣ мешаванд, то ҳол мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор нагирифтааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 27 сентябр бо нашри матлабе сабабу омилҳои якбора боло рафтани нархи орд дар кишварро баррасӣ карда, менависад, ки як халаи орди 50 кг дар 10 рӯз 100 сомонӣ қимат шуд. Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, ки афзоиши нархи орд ба коҳиши ҳосили гандум дар Қазоқистон рабт дорад. Барои танзими нархҳо бошад аз ҳисоби захираҳои давлатӣ чандин бор фурӯши орд бо қимтаи 260 сомонӣ барои як халата, баргузор шуд.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки айни замон як тонна гандуми воридоти аз Қазоқистон 350 доллар аст, дар ҳоле ки чор моҳ пеш як тонна гандуми Қазоқистон 240-250 доллар буд. Гуфта мешавад, ки тибқи иттилои расмӣ дар шаҳт моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби 61 ширкати ватанӣ ба Тоҷикситон 590 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 28 сентябр масъалаи набудани мактаби таҳсилоти миёна дар деҳаи Баҳористони шаҳри Истаравшанро баррасӣ кардааст. Муаллиф менависад, бо вуҷдуи он ки деҳаи Баҳористон ҳашт сол қабл бунёд шудааст, аммо то кунун мактаб барои хонандагон вуҷуд надорад. Аксари сокинони ин деҳа аз ноҳияи Деваштиҷ ба ин деҳаи Истаравшан муҳоҷир шудаанд.
Сокинон мегӯянд, ки аз сабаби набудани мактаб онҳо маҷбуранд фарзандони худро ба мактаби деҳаи ҳамсояи Яхтан баранд, аммо дар ин мактаб таҳсил танҳо бо забони узбекӣ аст. Мардуми деҳаи Баҳористон бошад мехоҳанд, ки фарзандонашон бо забони тоҷикӣ таҳсил намоянд.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки дар ҳудуди деҳаи Баҳористони Истаравшан барои 3600 хонаводаи ниёзманд қитъаҳои замин барои бунёди манзили истиқоматӣ ва биноҳои баландошёна ҷудо гардааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”