Тими мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) дар Чемпионати CAFA-2023 иштирок менамояд

Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) дар мусобиқаи охирини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар соли 2023 иштирок мекунад. Мусобиқа аз 15-ум то 19-октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар Чемпионати CAFA-2023 миёни духтарони то 14-сола дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегиранд.

Давоми ин рӯзҳо мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) зери роҳбарии сармураббӣ Фарҳодҷон Холбеков дар шаҳри Душанбе ҷамъомади таълимиву тамринӣ гузаронида истодаанд.