Дар ноҳияи Файзобод машқи муккамали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар давоми се рӯзи гузашта дар мавзуи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ боришоти боронҳои пай дар пай ва омадани сел» гузаронида шудааст.
Дар ин хусус сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии хабар дода, менависда, ки дар чорабинии мазкур гурӯҳи корӣ дар ҳамкорӣ бо раиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод оид ба ҳолатҳои фавқулода Холзода Бобишо Нарзулло, муовини раиси ноҳия Амонализода Ҷаҳонбек ва муовини раиси Комиссия – сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Файзобод подполковник Сайфидинзода Б. дар якҷоягӣ бо афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мазкурро ташкил ва гузарониданд.
Дар чорабинии мазкур гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони масъули Сарраёсати мудофиаи гражданӣ ва Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, инчунин кормандони масъул Кумита таъсис дода шудааст.
Дар машқи мазкур намояндагони зернизоми вазифавии ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ҷумҳуриявӣ, ҳайати роҳбарикунандаи Комиссияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, комиссияи эвакуатсионии ноҳияи Файзобод, аҳолии эвакуастияшавандаи ноҳия бо шумораи умумии қувва ва воситаҳо зиёда аз 930 нафар, 33 адад механизм ва техникаҳои махсус ҷалб карда шуданд.