Кумитаи рушди сайёҳӣ сохтор ва дизайни сомонаашро нав намуд

Имрӯз ба таври расмӣ сомонаи Кумитаи рушди сайёҳӣ www.ctd.tj дар таҳрири нав бо истифода аз шаклу дизайни навин ва муқаммалгардонии равзанаҳои муҳими иттиоотию таблиғотӣ мавриди истифодаи ҳамагон қарор дода шудааст.

Тавре Кумитаи ршуди сайёҳӣ хабар медиҳад, сомонаи мазкур дар асоси ҳамкориҳо аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи барномасозии ҶДММ “Сомон технолоджи” таҳия карда шудааст.

​Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби мутахассисон дар рафти таҳрирсозии сомона тағйиротҳои куллӣ ворид карда шуда, пайгирандагон метавонанд тариқи сомонаи мазкур аз тамоми самтҳои фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор гарданд.

​Аз ҷумла, равзанаҳои “Таъғирёбии вазъи боду ҳаво дар реҷаи онлайнӣ”, “Таъғирёбии вазъи қурби асор дар реҷаи онлайнӣ”, равзанаи алоҳидаи “Хабарҳои охирон”, “Истинодҳои муфид”, омори сайёҳӣ ва нишондиҳандаҳои инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ворид карда шудаанд, ки барои истифодабарандагон ба хусус сайёҳони хориҷӣ муфид арзёбӣ мегардад.

​Ҳамзамон, дар банди “Санадҳо”-и менюи асосӣ санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ, Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мукаммал гардонида шудааст.

​Гуфта мешавад, сомона бо 3 забон, анлисӣ, русӣ ва тоҷикӣ омода карда шуда, минбаъд маълумотҳо бо 3 забон нашр карда мешаванд.