Бозии рӯз: Имрӯз дастаи «Равшан» дар Ҷоми AFC бо «Марв» рақобат мекунад

Дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» бо бошгоҳи «Марв»-и Туркманистон анҷом медиҳад.

Бозии дастаҳо шоми имрӯз, 21-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 19:00 оғоз мешавад.

Ҷоми AFC-2023/24
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон).