20 сентябри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини мудири кулли Палатаи савдо ва саноати Кувайт Имод аз-Зайд доир шуд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорони кувайтӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишвар, инчунин баргузории форумҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва иштироки ҷониби кувайтӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе инвест – 2023” баррасӣ гардиданд.