Дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» ба кори худ шуруъ кард.
Чи гунае, ки ҳамкорамон Парвина Самандарзода иттилоъ медиҳад, дар Форуми иқтисодӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, Вазири молия ва иқтисоди Туркменистон ва Вазири иноватсия, саноат ва савдои Узбекистон иштирок доранд. Ба таъкиди манбаи мо
дар форуми мазкур баъди сессияи пленарӣ 3 сессия дар мавзуъҳои «Мубодилаи таҷриба ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани низоми ҳукумати электронӣ дар кишвар», «Таҷриба ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи инноватсия» ва «Мубодилаи таҷриба ва муайян кардани дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» гузаронида мешаванд.