Имрӯз дар меҳмонхонаи Hyatt regency бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Вохӯрии ҳузурии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” доир гардид.
Дар кори Вохӯрии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар ва шарикони рушд ширкат намуданд.
Вохӯрӣ дар ду ҷаласаи панелӣ сурат гирифта, масъалаҳои “Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ” ва “Ташаббусҳои экологии Осиёи Марказӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуд. Дар идома миёни меҳмонону иштирокдорон вобаста ба мавзӯъҳои зикргардида мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қайд гардид, ки сафари кории меҳмонон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 рӯз идома ёфта, рӯзи 15 сентябри соли 2023 аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ аз Нерӯгоҳи барқии обии “Норак” боздид менамоянд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”