Форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нахустин Форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид.

Дар форум роҳбарон ва коршиносони академияҳои илмҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат доранд. Ин форум дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз ва пагоҳ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, доир мегардад.

Ба иттилои хамкорамон Гулру Ниёззода, иштирокдорон дар форум аз мавзуъҳои «Ҳолат ва дурнамои ҳамкории академии минтақавӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиӣ», «Масъалаҳои бехатарии биологӣ дар Тоҷикистон, «Масъалаҳо ва дурнамои рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар Тоҷикистон дар давраи ҳозира» ва ғайраро бояд барраси намоянд.

Дар ин қисмат баромадҳои президентони академияи илмҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст. Баъдан баромадҳои илмӣ аз тарафи олимони ҳамаи кишварҳо сурат мегирад. 

Ин Форум ташаббуси Тоҷикистон буда, пас аз соҳибиқтисқлолии кишварҳои Осиёи Марказӣ бори нахуст олимону пажӯҳишгарони ин минтақа ба таври фарогир гирди ҳам меоянд.