Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи «Russian judo tоur» иштирок менамоянд

Аз 4-ум то 7-уми август дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо дар доираи «Russian judo tоur» баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик низ иштирок мекунанд.

Тибқи низомнома дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгарон дар вазнҳои -60кг, -66кг, -73кг миёни мардон ва дар вазнҳои -63кг, -70кг, -78кг, +78кг миёни бонувон рақобат мекунанд. Дар рӯзи дуюм бошад, мардон дар вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг, +100кг ва бонувон дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг ба ҳам меоянд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 9-варзишгарро ба Красноярск сафарбар менамояд:

Дар вазни -73кг – Саидзода Иброҳим
Дар вазни -73кг – Бозоров Бахтиёр
Дар вазни -73кг – Сафаралиев Алиҷон
Дар вазни -73кг – Хоркашев Зикриоло
Дар вазни -100кг – Анварзода Эмомризо
Дар вазни -100кг – Раҳимов Исроил
Дар вазни -48кг – Қарчиева Шукрона
Дар вазни -57кг – Гулбоева Фазилат
Дар вазни -63кг – Одинаева Мавлуда

Варзишгаронро дар ин мусобиқа раиси Комиссияи доварони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Зариф Назриев ҳамроҳӣ менамояд.

Дар мусобиқа иштироки тақрибан 250-варзишгар аз кишварҳои Россия, Белорусия, Арманистон, Тоҷикистон, Эрон, Муғулистон дар назар аст.