Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол бори аввал дар моҳи октиябр якумин синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – “Тоҷи сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мегардад, ки дар он синамогарони кишварҳои Осиё ва Аврупо метавонанд ширкат кунанд.
Ин нуктаро Маҳмадсаид Шоҳиён, директори МД “Тоҷикфилм” зимни нишастӣ хабарӣ, баён намуда гуфт, дар ҷашнвора ҳар як давлат метавонад, ки ду филм, яке барои озмун ва дигарро барои намоиш пешниҳод намояд.
Дар мавриди кам будани таваҷҷуҳи мардум нисбат ба филмҳои миллӣ ва бештар рӯ овардани онҳо ба филмҳои хориҷи Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД “Тоҷикфилм” гуфт, ки сабабу омилҳо зиёд аст. Масалан дар як сол мо 100 филм ба навор гирифта наметавонем, ки фазои синамои миллиамон пур шавад. Илова бар ин дар кишвари мо ғайр аз МД “Тоҷикфилм” дигар ширкатҳои калони филмофарӣ нест, ки рақобат ба вуҷуд ояд. Ҳамчунин дар ин соҳа мо мутахасисони хирфавӣ ва сенарияву сенариянависони хуб надорем.
Дар идомаи нишасти хабарӣ Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД “Тоҷикфилм” вобаста ба кам будани мунақидони соҳаи синамо гуфт, ки мо натанҳо дар соҳаи кино, инчунин дар соҳаи театр ҳам мунаққидҳо надорем ва сабаби ҷой доштани чунин ҳолат, набудани алоқамандони ин равия мебошад. Ба гуфтаи Маҳмадсаид Шоҳиён ин мушкилот дар синамои мо ҷой дорад ва дар сурати пайдо гардидани мунаққидони ҷавон мо метавонем, ки барои онҳо дар назди МД “Тоҷикфилм” як шуъбаи алоҳида ташкил намоем.
Ҳамчунин дар нишасти хабарии МД “Тоҷикфилм” гуфта шуд, ки сабаби набудани филмҳо дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла соҳаи маъориф ва тарғибу ташфиқи варзиш дар кишварамон, ин набудани сенарияҳо мебошад.
Сарвинози Сайидалӣ
радиои Тоҷикистон