Соли 2023-юм барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тавассути ИМД тибқи нақшаи қабули донишҷӯён 65563 ҷой ҷудо гардидааст, ки он нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2022-юм 3225 ҷой зиёд мебошад.
Дар ин бора дар нишасти хабарии Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ иттилоъ дода шуд. Ба таъкиди манбаъ дар маҷмуъ, барои қабули донишҷӯён ба коллеҷҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тибқи нақша дар соли 2023-юм 98957 ҷой ҷудо гардидааст.
Масъалаҳои мубраме, ки дар нишасти хабарии ММТ НПҶТ баррасӣ гардид, чун солҳои қаблӣ ин камшавии шумораи донишҷӯён, ихтисосҳои сердовталаб, имтиёзҳо ба шахсони алоҳида ва чигунагии низоми тестӣ буд. Тибқи ҳисоботи пешниҳодгардида имсол ММТ танҳо 53% – и нақшаро ба иҷро расонидааст. Агарчи сабабҳои камшавии шумораи довталабонро аксарият ба майли зиёд доштани хатмкунандагон ба донишгоҳҳои хориҷӣ донанд, аммо Сабзалӣ Ҷаъфарзода директори ММТ НПҶТ ду омили асосии масъалаи камшавии довталабонро гуфт, ки ин камшаваии шумораи хатмкунандагони синфҳои 11 ва зиёд шудани нақшаи қабули макотиби олӣ мебошад.
Масъалаи дигар ин мавзӯи серталабии ихтисосҳо буд, ки ба таъкиди Сабзалӣ Ҷаъфарзода директори ММТ НПҶТ чун солҳои пешин ихтисоси аз ҳама серталаб гуруӯҳи ихтисосҳои кластери 5-ум тиб, биология ва варзиш буда, дар баробари ин довталабоне, ки аз ҳама бештар ноком шудаанд, маҳз аз гурӯҳи ихтисосҳои 5 – ум мебошанд.
Дар нишасти хабарии ММТ НПҶТ инчунин гуфта шуд, ки соли ҷорӣ шумораи шаҳру ноҳияҳое, ки дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ ба довталабон барои интихоб ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод карда шуданд, 20-торо ташкил дод. Маврид ба зикр аст, ки шумораи хамткунандагони синфи 11 соли равон ҳамагӣ 105 ҳазору 839 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022 13 ҳазору 853 нафар камтар аст. Аз ин шумора дар давраи асосии бақайдгирӣ ҳамагӣ 68 ҳазору 675 нафар (64,89 %) барои иштирок дар ИМД-2023 худро номнавис намудаанд. Тибқи омори соли 2022, аз шумораи умумии хатмкардагони синфи 11 ҳамагӣ 61,41 %-ашон барои иштирок дар ИМД худро номнавис намуда буданд.