Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти зарурӣ дар тобеъияти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» масоҳати 2ҳ 723 гектар хочагии ёрирасон мавҷуд буда, аз ин 1ҳ 147 гектар чарогоҳ ва дар масоҳати боқимонда 11 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад. Дар ин хусус имрӯз муовини Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Хуршед Раҳмонализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф иброз намуд, ки дар соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакат 63 бозор мавҷуд буда, ҷойҳои нишаст 18ҳ 42 адад ва дар умум 23 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ машѓул мебошанд.
Иттифоқи Тоҷикматлубот ташкилоти ҷамъиятӣ буда, дар самти таъминоти аҳолии мамлакат махсусан аҳолии деҳот бо маҳсулоти ниёзи аввалия саҳмгузор буда, ҳадафи асосиаш қонеъ кардани талаботи мардум ва танзими нарх дар бозор мебошад. албатта сол ба сол иштироккунандагони бозор бештар гардида, рақобиатнокӣ меафзояд. Аз ин рў, кормандони соҳа бо хоҷагиҳои деҳқонии минтақахои гуногуни мамлакат шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонида, баъди ба даст овардани маҳсулот онро дар 41 анборе, ки дар масоҳати 38ҳ 41 метри мураббаъ ва 3 сардхона бо ѓунҷоиши 2100 тонна маҳсулот нигоҳдорӣ мекунанд. Барои аз даст надодани маҳсулоти дар анборҳо буда, дар давраи сардиии ҳаво тадбирҳои иловагӣ андешида хоханд шуд, зеро зимистони сипаригардида бори дигар ҳушдор дод ба кормандони соҳа, ки маҳз сардии аз меъёр зиёд метавонад ба сифати маҳсулоти захирагардида таъсири манфӣ расонад.
Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон даромади умумӣ ба 48,0 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар ҳаҷми 613 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб ба буҷети мамлакат аз ҳамаи намуди манбаъҳо ба маблағи 16,0 млн сомонӣ андоз пардохт шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 11,0 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар охир пешниҳод карда шуд, то нуктаҳои фурӯши маҳслуоти кишоварзӣ дар минтақаҳои шаҳрнишини мамлакат бештар карда шавад, ки мушкилоти дастрасии аҳолӣ ба маҳсулот осонтар гардад.
Шоистаи Аҳмад
радиои «Тоҷикистон»