Дар нимсолаи якуми соли 2023 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 8 миллиарду 14 миллиону 600 ҳазор ба истифода дода шудааст.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Низом Мирзозода иттилоъ дод. Номбурда афзуд, ки ҳамзамон дар нимсолаи аввали соли 2023 дар масоҳати умумии 772 ҳазору 900 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 4140 хонанда, дармонгоҳ барои қабули 120 нафар дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 500 ҷой мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Ба таъкиди манбаъ ба ҳолати 1 – уми июли соли 2023 5 ҳазору 714 иншоот ба истифода дода шудаанд, ки 20,4% – и нақшаро ташкил медиҳад.
Самандарзода П.