Ҷудокори шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81кг) бo далели мушкилии раводид натавонист ба Маҷористон сафар кунад ва дар мусобиқаи HUNGARY MASTERS 2023 иштирок карда наметавонад. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Мусобиқаи HUNGARY MASTERS 2023 аз 4-ум то 6-уми август дар пойтахти Маҷористон шаҳри Будапешт баргузор мешавад.
Тибқи низомнома дар ин мусобиқа варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар рейтинг то зинаи 38-ум ҷойгир бошанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 6-варзишгарро ба мусобиқаи HUNGARY MASTERS 2023 интихоб кардааст. Лекин аз ин миён Сомон Маҳмадбеков бинобар мушкили раводид наметавонад дар ин мусобиқа иштирок намояд.
Тоҷикистонро дар HUNGARY MASTERS 2023 ин варзишгарон муаррифӣ мекунанд:
Дар вазни -66кг Эмомалӣ Нуралӣ
Дар вазни -66кг Обид Джебов
Дар вазни -73кг Беҳрӯз Хоҷазода
Дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён
Дар вазни +100кг Темур Раҳимов.
Мусобиқаи HUNGARY MASTERS 2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мегарданд.
Фонди умумии мусобиқа 196-ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 6000 евро, ба барандагони медали нуқра 4000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 2000 евро тақдим мегардад.
Инчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷахонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз мешаванд. Аз ҷумла ғолибон 1800-имтиёз, барандагони медали нуқра 1260-имтиёз ва барандагони медали биринҷӣ 900-имтиёз ба даст меоранд.
Ёдовар мешавем, ки ҷудокорони тоҷик аз мусобиқаи бонуфузи Мастерс, танҳо як медал ба даст овардаанд, ки ин натиҷаро Темур Раҳимов варзишгари сангинвазни тоҷик дар мусобиқаи бонуфузи Мастерс Иерусалим 2022 ба даст оварда буд.
Сорбон Амонуллозода