Зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода гуфт, ки ҳаҷи умра тибқи тартиби муқараргардида дар ҳудуди ҶТ аз тарафи ду ширкат ва инчунин Кумитаи дин ба роҳ монда шудааст ва сабаби гарон будани нархи сафар нисбат ба дигар давлатҳои ҳамсояи кишвар, ин пеш аз ҳама ба нархи чиптаҳо ва сатҳу сифати хизматрасониҳо вобастагӣ дорад.
Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода қисми зиёди нафароне, ки тавассути давлатҳои хориҷа ба ҳаҷи умра мераванд, ба воситаи миёнаравҳо фароҳам оварда мешавад ва дар баробари ин ҳастанд ширкатҳои барои ин намуди фаъолият иҷозатнома надоранд ва бо баҳонаи пешниҳоди нархи арзон аз содагии мардум истифода мебаранд, ки дар натиҷа ҳаҷгузорон ҳангоми сафар ба як қатор мушлот дучор мешаванд.
Дар идомаи нишаст раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода иттилоъ дод, ки сабаби баста шудани гимназияи исломӣ дар Душанбе ба анҷом расидани муҳлати литсензия ва ёфт нагардидани макони мувофиқ мебошад. Ба таъкиди ӯ яке аз шартҳои асосии ба даст овардани иҷозатнома ин ёфтани ҷойи муносиб аст. Ҳамчунин Сулаймон Давлатзода илова намуд, ки ҳоло дар паҳлӯи Масҷиди шаҳри Душанбе сохтмони бинои нави Донишкадаи исломӣ ҷараён дорад ва бо анҷом ёфтани корҳои сохтмон масъалаи гимназия низ ҳалли худро пайдо мекунад.
Сарвинози Сайидалӣ,
радиои Тоҷикистон