Дар боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ баргузор гардид. Дар ин намоиш – фӯруш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ иштирок намуда, аз маҳсули дасти кишоварзону ҳунармандон дидан намуданд.
Дар намоиш – фурӯш кишоварзони ноҳия маҳсулотҳои хушсифати ниёзи аввалияро ба монанди тарбузу харбуза, картошкаю пиёз, гушту мева ва анвои гуногуни нону кулчақандҳоро бо нархи арзон пешниҳоди сокинони шаҳри Душанбе гардониданд. Гулҷаҳон Шоҳоронова раиси ҷамоати “Золи зар” – и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ зимни суҳбат бо мо гуфт, ки бонувони ин ҷамоат зиёда аз 10 намуд нону кулчаҳои гуногунро омода карда, ба намоиш – фурӯш овардаанд.
Бояд гуфт, ки нархи маҳсулотҳои кишоварзӣ дар намоиш – фӯруш қариб як баробар нисбат ба бозорҳои шаҳри душанбе арзонтар буда, ин ҳолат боиси хушнудии сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гаштааст. Тавре Алимаҳмад Абдусатторов раиси ҷамоати деҳоти “Навоӣ” – и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ зимни суҳбат бо мо гуфт, танҳо аз ҷамоати ин деҳот зиёда аз се тонна мақсулоти кишоварзӣ овардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки намоиш – фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, хунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии Ҷалолиддин Балхӣ дирӯз то нисфирӯзи идома ёфт ва дар қисмати бегоҳи рӯз барномаи консертии омода намудаи ҳунармандони ин ноҳия манзури сокинони шаҳри Душанбе гардонида шуд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“