Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ Вазири корҳои хориҷӣ, сафири кишвар дар созмонҳои байналмиллалии Аврупо, Амрико ва кишвари Япония бо қарори Ҳукумати Япония барои саҳми арзанда дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония бо мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени “Тулӯи офтоб” дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.
Ин Орден дар маросими тантанавӣ дар қароргоҳи сафири Япония дар Тоҷикистон ба Ҳамрохон Зарифӣ супорида шуд. Дар ин маросим олимону донишмандон, дипломатҳо ва намояндагони васоити ахбор ҷамъ омада буданд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷкистон, ҷаноби Тасихиро Аики бо эътои Ордени “Тулӯи офтоб” дараҷаи I ба Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки замони сафирии Ҳамрохон Зарифӣ муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония ба сатҳи сифатан нав баромада, дӯстии Японияву Тоҷикистон таҳким ёфт. Ёдовар шуд, ки дар ин давра дар доираи корҳои зиёди иқтисодию сиёсӣ сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Япония ва Сарвазири ин кишвар ба Тоҷикистон анҷом ёфтанд, ки дар равобити кишварҳо давраи нави ҳамкориҳоро эҳё намуданд.
Сафири мамлакати дӯст ҷаноби Тасихиро Аики ҳамчунин аз китобҳои таълифнамудаи дипломати тоҷик Ҳамрохон Зарифӣ, дар ҷодаи муаррифии таъриху фарҳанги мамлакаташ ёд карда, дар ин робита аз китоби ӯ- ,,Хазинаи тиллоии тоҷикон” ёд кард, ки бо даҳҳо забон чоп шудааст.
Дар хотима Ҳамрохон Зарифӣ аз хотираҳои дипломатии худ ёдовар шуда, ба роҳбарияти кишвари Япония изҳори миннатдорӣ намуда, ин мукофоти олиро нишони эҳтиром ба Тоҷикистон ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими дӯстӣ бо кишвари Япония маънидод намуд.
Бояд гуфт, ки мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени “Тулӯи офтоб” кадимтарин ордени Япония мебошад, ки бо қарори Шӯрои давлатӣ аз 10 апрели соли 1875 таъсис ёфтааст. Ордени мазкур ҳашт дараҷа дорад.