Абдуҷалилзода Аминҷон – дар Ҷоми кушоди Осиё медали биринҷиро ба даст овард

Дар рӯзи дуюми Ҷоми кушоди Осиё дар шаҳри Тошкент варзишгари умедбахши кишвар Абдуҷалилзода Аминҷон ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфт.

Аминҷон дар вазни -73кг ҳунарнамоӣ карда, дар рақобат барои ҷойи сеюм бар варзишгари ӯзбек ғалаба намуд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа мардҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг, -90кг, +90кг ва бонувон дар вазнҳои -57кг, -63кг, -70кг, +70кг қуваозмоӣ карданд.