“Ҷумҳурият”: Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 774 омӯзгор намерасад

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла омодагиҳо барои гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон аз 1 августи соли ҷорӣ,  тағйирёбии иқлим ва афзоиши тӯфони чангу ғубор дар Тоҷикистон, мушкилоти норасоии омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ва дигар мавзӯҳои муҳими дохилӣ ва хориҷӣ  матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 25 июл бо нашри матлабе мушкилоти норасоии омӯзгорони дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишварро баррасӣ кардааст. 

Ба иттилои Дилбар Алихонзода, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм айни замон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи кишвар 774 омӯзгор намерасад. Ба гуфтаи вай, муассисаҳои таълимӣ, асосан, ба омӯзгорони фанҳои математика, физика, химия, технологияи иттилоотӣ, география ва забонҳои англисиву русӣ ниёз доранд.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи Алихонзода, соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби шахсони аз муҳоҷирати меҳнативу рухсатии нигоҳубини кӯдакон баргашта ва хатмкардагони гурӯҳҳои ғоибхон 2808 омӯзгор ба кор баргашта, як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз норасоии муаллим танқисӣ мекашиданд, то андозае таъмин гаштанд.

Дар баробари ин дар ин матлаб таъкид мешавад, ки ҷиҳати ҷалби омӯзгорони ҷавон ба кор, як қатор имтиёзҳо ба онҳо пешниҳод мешавад. Аз ҷумла танҳо давоми соли таҳсили 2022-2023-юм  128 муаллим соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 9 муаллим бо қитъаи замин барои полизкориву боғдорӣ таъмин гардида ва 315 муаллим аз қарзҳои имтиёзнок бархӯрдор шуд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 26 июл мақолае таҳти унвони “Пардохти ҳушманд”  чоп карда, навиштааст, ки аз 1 август тамоми сохторҳои шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ истифодабарии барномаи «Пардохти ҳушманд»-ро дар фаъолияти кории худ ба роҳ монанд.

Ш. Зубайдзода  мутахассиси КВД “Шаҳри ҳушманд”  гуфт, ки  барномаи «Пардохти ҳушманд» на танҳо барои қабули пардохтҳо, балки пойгоҳи худкори ҳуҷҷатгузории корхона барои қабули аризаҳои шаҳрвандон ба таври электронӣ, коркард, таҳлил ва сабти маълумот мебошад.

Дар баробари ин муаллиф ёдовар шудааст, ки соли 2018 дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт пардохти ғайринақдӣ ба роҳ монда шуд. Солҳои аввал, ки назорат пурзӯр буд, беш аз 70 дарсади мусофирон аз корти нақлиётӣ истифода мекарданд, аммо айни замон бошад ин рақам ба 20 дарсад расидааст.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 24 июл матлабе бо номи “Суғд: Масъалаҳои ҳалталаб зиёданд” чоп карда, аз ҷаласаи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ гузориш нашр кардааст.

Дар ин матлаб, гуфта мешавад, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҷеъ ба оқибмонӣ дар истеҳсоли маҳсулоти саноат дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ ва Гулистон изҳори нигаронӣ кард, ки ба делел ба буҷети вилоят 670 миллион сомонӣ маблағ ворид нашудааст. Раҷаббой Аҳмадзода инчунин аз раванди татбиқи лоиҳаҳо ва шикояти мардум аз норасоии оби нӯшокӣ дар шаҳрҳои Панҷакенту Бӯстон ва ноҳияи Зафаробод эроди ҷиддӣ гирифт.

Раиси вилояти Суғд дар идома тазаккур дод, ки дар сохтори барқтаъминкунӣ, бо вуҷуди гузаронидани ислоҳот, фаъолияти бенизоме рӯи кор омадааст, ки боиси нигаронии кишоварзону обрасонҳо шудааст. Ба гуфтаи вай картошкапарварони ноҳияҳои Шаҳристону Деваштич аз ҳисоби қатъ кардани қувваи барқ 5 миллион сомонӣ зарар дидаанд. “Вазифаи шумо — масъулони назорати барқ танҳо аз қатъ кардани интиқоли қувваи барқ иборат нест”, — изҳори нигаронӣ кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш масъалаи афзоиши тӯфони чангу ғубор  дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Шамсиддин Солиев номзади илм,  корманди масъули Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, ки тӯфонҳои чангу ғубордор боиси бодхӯрдашавии замин гашта, ҷараёни биёбоншавиро метезонанд.

Коршиноси масоили экологӣ Ҷамолиддин Яъқубӣ ба ин назар аст, ки яке аз сабабҳои зиёд шудани хокбориш дар миқёси ҷаҳон афзоиши ҳодисаҳои сӯхтори ҷангалҳо мебошад. Олимони иқлимшинос муайян кардаанд, ки аз соли 2003 то 2020 дар ҷаҳон зиёда аз 150 ҳазор сӯхторҳои калони ҷангал рӯй додааст.  Дар аксар ҳолатҳо пас аз сӯхтор хокбориш ба амал омада, чангу хокистар ба масофаи садҳо километр паҳн мешавад.

Ба гуфтаи муаллиф  дар ҷумҳурии мо низ талу теппаҳои бегиёҳу ӯрён зиёданд ва хуб мешуд, ки чунин заминҳоро барои бунёди боғу ҷангал ба муддати аз 20 то 30 сол бо шарти сабзкорӣ намудан ба ихтиёри соҳибкорон ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бидиҳем. Ҳар қадар ба истилоҳ «дӯстони сабз»-и мо дар гирду атроф зиёд шаванд, ҳамон андоза таъсири манфии чангу ғубор камтар шуда, манзараи кишвар зеботар ва ҳавои диёрамон тозатар мегардад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 26 июл дар матлабе мушкилоти таъминоти барқ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро матраҳ кардааст. Ба навиштаи муаллиф бо вуҷуди он ки дар кишвар реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ҷорӣ нашудааст, аммо дар бархе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рӯзона барқ барои чанд соат қатъ мешавад.

Бахусус сокинони шаҳрҳои Панҷакент ва Конибодом аз чунин ҳолат шикоят крадаанд.  Сокинони шаҳри Конибодом, ки асосан ба кишваразӣ машғуланд, гуфтанд, ки ба далели қатъи ногаҳонии барқ таҷҳизоти пойгоҳҳои обкашӣ чандин бор корношоям гардид.

Илова бар ин шикояти сокинон аз он аст, ки  масъулини шабакаҳои барқии шаҳр боре ҳам аз қабл мардумро дар бораи қатъ шудани интиқоли барқ огоҳ намекунанд ва сабаби ин ҳолатро ҳам ба сокинон  тавзеҳ намедиҳанд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 27 июл бо нашри матлабе аз сатҳи хизматрасонии таксӣ дар пойтахт интиқод кардааст. Муаллиф зимни баррасии шикояти муштариён аз хадамоти таксӣ дар шаҳри Душанбе навиштааст, ки яке аз камбудиҳои асосӣ дағалгуфтории ронандагони таксӣ аст.  

Илова бар ин дар баъзе мавридҳо ронандагони таксӣ аз бурдани муштарӣ ба макони лозима бо ҳар баҳона худдорӣ карда, ҳатто дар нимароҳ муфосиронро бо баҳонаи харобии роҳи мошингард мефуроранд.

Аммо ба навиштаи муаллиф, нигаронкунанда дар ин ҳолат он аст, ки аксари ширкатҳои хадамоти таксӣ ба ин рафтори ронанадагон беэътиноӣ карда, аслан ба шикояти мусофирон  вокуниш намекунанд.

Нашрияи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 27 июл бо нашри матлабе хабар дод, ки дар Тоҷикистон шумораи хизматрасониҳои электронӣ ба 81 номгўй расид.

Тибқи иттилои Кумитаи андоз дар Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани хадамоти андоз ва коҳиш додани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 5 хизматрасонии нави электронӣ мавриди истифода қарор дода шуда, шумораи умумии хизматрасониҳои электронӣ дар Тоҷикистон ба 81 номгуй расид.

Ин ниҳод хабар дод, ки ҷиҳати дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳисоботи андоз аз моҳи апрели соли ҷорӣ пойгоҳи нави «Мушаххаскунии мобилӣ ва имзои электронии рақамӣ» мавриди амал қарор дода шуд. 

Дар ин замина таъкид мешавад, ки айни замон беш аз 158 ҳазор шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳисобот ва эъломияҳои андозро дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2019 ҳамагӣ 72 ҳазор буд. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи амалисозии ин иқдомот  шумораи воҳидҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба санаи 1 июли соли ҷорӣ  345,4 ҳазорро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли соли ҷорӣ 5,3 ҳазор адад зиёд аст.

Зиёратшои  Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”