Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 505 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар 13 олимпиадаи байнидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии тиббӣ иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд. Аз ҷумла, 21 нафар ҷойи якум, 16 нафар ҷойи дуюм ва 28 нафари дигар ҷойи сеюмро сазовор гардидаанд.
Гулзода Маҳмадшоҳ, ректори ДДТТ ба номи А.Сино 28 июл зимни нишасти матбуотӣ бо зикри ин нукта ҳамзамон иброз дошт, ки дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 9 нафар донишҷӯи ин боргоҳ ширкат варзида, 2 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 3 нафари дигар сазовори ҷойи сеюм гардида, ба даври шаҳрии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.