Имрӯз дар маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди “иқтисоди сабз” ҳамчун яке аз самтҳои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози конференсия директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода баромад карда, гуфт, ки рушди иқтисоди сабз яке аз масъалаҳои меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Ба таъкиди номбурда рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як марҳилаи нав ворид шуда истодааст, ки ин ба заминаи стратегияҳо ва барномаҳои рушди соҳаҳои гуногун аз ҷумла энергияи сабз алоқамандии зич дорад.
Дар идомаи конференсия сардори раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази таҳқиқоти стратегии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ораз Муртазоев дар мавзуи “Омилҳои самаранокии иқтисоди сабз дар рушди иқтисоди миллӣ, маърӯза хонда, иброз намуд, ки иқтисоди сабз ҳамчун шакли нави рушди иқтисод дар заминаи технологияи коркарди аз ҷиҳати экологӣ тозаи маҳсулот ба вуҷуд меояд. Аз ин хотир нисбат ба рушди ин соҳа тамоми кишварҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи масус зоҳир менамоянд, – мегӯяд Ораз Муртазоев.
Ҳамчунин дар конфуренсия Умарҷон Шарафов номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзуи “Омилҳои асоси барои баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ ба бахши энергетикӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон баромад намуда, қайд намуд, ки бидуни сармоягузорӣ рушд кардани ҳамаи соҳаҳои аз ҷумла иқтисоди сабз ғайри имкон аст. Аз ин хотир моро лозим аст, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар муаррифӣ намудани соҳаи энергетикаи кишварамон пайваста талош намоем. Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи асосии баргузории конфронсияи илмиву амалӣ дар мавзуи “Ташаккул ва рушди “иқтисоди сабз” ҳамчун яке аз самтҳои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин таҳлилу арзёбии дастовардҳо, муайян намудани имкониятҳо барои рушди “иқтисоди сабз” ва дар ин замина таъмини амнияти он, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳо дар ин самт мебошад.
Сарвинози Сайидалӣ,
радиои “Тоҷикистон”