24-26 июл дар шаҳри Урумчии ноҳияи Синтзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии роҳбарони идораҳои моликияти зеҳнии давлатҳои Осиёи Марказӣ-Чин (C+C5) баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Дар доираи ин мулоқот Форуми Чин ва Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти моликияти зеҳнӣ, семинари сатҳи баланди моликияти зеҳнии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар соҳаи ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷои пайдоиши мол ва вохӯриҳои роҳбарони идораҳои моликияти зеҳнӣ барпо шуд. Зимни он масъалаҳои муҳими самти моликияти зеҳнӣ дар сатҳи минтақа мавриди баррасӣ ва мубодила қарор дода шуд.
Дар чорабиниҳо намояндагони идораҳoи моликияти зеҳнии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, инчунин намояндагони воломақоми Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Дар форум аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» — и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи илм, инноватсия ва захираҳои иттилоотии Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва мушовири директори муассиса иштирок намуданд.